Июн 05, 2018 18:09 Asia/Dushanbe
  • Таомули полис бо муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш меёбад

Вазорати кишвари Русия қасд дорад, пешнависи қонунеро барои танзими афзоиши таомули полис бо муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар таҳия кунад.  

Ба нақл аз Форс, вазири кишвари Русия дар ин хусус гуфт: Дар дарозмуддат мо тасмим дорем, қонуни муҳоҷират, муташаккил аз маҷмуаи қавонин, ки дар он ба вузуҳ иқдомоти афсарони полис ва илзомот барои шаҳрвандони хориҷӣ зимни муроҷиа ба созмонҳои муҳоҷиратӣ дарҷ шуда, таҳия кунем.  

Владимир Колоколтсев дар идома беҳбуди кайфияти хадамоте, ки ба мардум дар ин замина ироа мешавандро аз нукот ва аҳдофи аслии таҳияи пешнависи қонуни мазкур унвон кард ва афзуд: Тибқи омор дар Русия се миллион муҳоҷир ба таври расмӣ иқомат доранд.