Июн 05, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ишғоли як минтақаи дигар дар наздикии марзи Тоҷикистон аз сӯи Толибон

Ҷангҷуёни гурӯҳи Толибон як минтақаи дигарро дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба ишғоли худ дароварданд.  

Ба нақл аз хабаргузории Бохтар, Толибон шаби гузашта минтақаи Боғбонон аз тавобеи Даштқалъа дар вилояти Тахорро ишғол кард. Абдулхлил Асир, сухангуи полиси Тахор дар ин бора гуфт, Толибон ба посгоҳҳои полис дар минтақаи ёд шуда ҳамла кард, ки дар натиҷа ду полиси маҳаллӣ кушта шуданд.  

Даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳануз идома дорад.