Бахшиши қотил аз сӯи модари ҷабрдида аввалин бор дар Тоҷикистон
Июн 05, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
Нахустин бор дар Тоҷикистон модари як сарбози кушташуда дар артиш, қотили фарзандашро бахшид.
Ба нақл аз манобеи хабарии Тоҷикистон, Навбаҳор Суюнова, модари Ҳасан Каримов, сарбози кушташуда қотили фарзандаш Муҳсинхуҷа Султоновро бахшид.
Султонов, ки ҳамхидмати Каримов дар қароргоҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Норак буд, 28 марти имсол ӯро мавриди лату куб қарор дод, ки ин ҳодиса мунҷар ба ҷон бохтани Каримов шуд.