Сентябр 04, 2016 09:06 Asia/Dushanbe
  • Интизороти миллати тоҷик аз давлатмардони ҷадиди Узбакистон

Донишманди тоҷики муқими Қазоқистон ибрози умедворӣ кард, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, давлатмардони ҷадиди ин кишвар барои беҳбудии равобити дуҷониба бо Тоҷикистон ба унвони "миллати дӯсту бародар" мусоидат мекунанд ва аз мақомоти Душанбе низ чунин интизорӣ вуҷуд дорад.

Ба гузориши сайти "Тоҷнюс", Сафар Абдуллоҳ таъкид карда, мардумони тоҷику туркзабони минтақа, аз ҷумла узбакҳо қарнҳо боз дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез доштаанд ва бояд имрӯз низ давлатмардони Узбакистону Тоҷикистон бо канор гузоштани ихтилофоти сиёсӣ барои густариши муносиботи дуҷониба талош кунанд. Ӯ бо ишора ба муносиботи ноҳамвори Тоҷикистону Узбакистон тай ду даҳаи ахир ба далели мудохилаи давлатмардони Тошканд дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1990 ва идомаи танишҳо бар сари масоили обу энержӣ миёни Тошканду Душанбе гуфтааст, мардумони ду кишвар одобу русуми муштараке доранд, ки ин мавзӯъ метавонад заминасози барқарории равобити дӯстона ва бародаронаи ин ду ҷумҳурии ҳамсоя шавад.

Аз дидгоҳи Сафар Абдуллоҳ, дӯстии мардумони тоҷику ӯзбак буд, ки ихтилофоти сиёсӣ миёни ин ду кишвар мунҷар ба рӯёрӯӣ ва даргирӣ нашуд ва акнун интизороти шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ин аст, ки давлатмардони Душанбе ва Тошканд барои оддисозии равобит гом бардоранд, зеро доштани муносиботи нек бо ҳамсоя ва ҷалби эътимоди мутақобил заминаи рушду пешрафти ин ду кишвар дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.