Судури осони визаи Олмон барои сокинони шаҳри Хуҷанд
(last modified Thu, 07 Jun 2018 04:23:37 GMT )
Июн 07, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Судури осони визаи Олмон барои сокинони шаҳри Хуҷанд

Минбаъд сокинони шаҳри Хуҷанд бидуни харҷи иловагии пулу вақт раводиди Шенген ба даст оварда метавонанд. Гузашта аз ин харҷи роҳкиро низ зимни сафар ба давлати Олмон нисбати дигар минтақаҳо аз шаҳри Хуҷанд арзонтар аст.

Ба иттилои Спутник, дар шаҳри Хуҷанд барои гирифтани раводиди Шенген маркази махсуси хизматрасони "Дунёгард" ифтитоҳ шуд.

Тавре дафтари матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар маросими ифтитоҳи марказ сафири Фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон Найнхарт Хёфер — Виссинг ширкат кард.

Дар маркази хизматрасонии омодасозӣ ва дастраскунии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани раводид ба давлати Олмон ва дигар кишварҳои узви минтақаи Шенген: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнонҷараён мегирад.

"Дунёгард" дар ошёнаи 3-юми бинои "Казкомерсбонк" —и шаҳр ҷойгир шудааст. Давоми 15 рӯзи корӣ шаҳрвандон метавонанд раводиди худро аз ин марказ дарёбанд. Ширкати "Дунёгард" ба мазмуну муҳтаво ва қабулу раднамоии раводид алоқаманд набуда, танҳо хизматрасонии интиқолдиҳии ҳуҷҷатҳоро амалӣ месозад.

 Найнхарт Хёфер —Виссинг дар маросими ифтитоҳи марказ гуфтааст, ки  Олмон ҳавасманди ҳарчи содда ва зудтар дастраснамоии раводид ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

"Барои сокинони шаҳри Хуҷанд ин марказ имконоти хуберо муҳайё месозад, зеро шаҳрвандон бидуни харҷи иловагӣ ва масрафнамоии вақти зиёд ба раводид соҳиб мешаванд. Гузашта аз ин харҷи роҳкиро низ зимни сафар ба давлати Олмон нисбати дигар минтақаҳо аз шаҳри Хуҷанд арзонтар аст",- таъкид кардааст вай.