Маҳори оташсӯзӣ дар қаҳвахонаи Мерве дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35212-Маҳори_оташсӯзӣ_дар_қаҳвахонаи_Мерве_дар_Душанбе
Бо талоши оташнишонон ва нерӯҳои имдодӣ, оташсӯзӣ дар қаҳвахонаи туркии Мерве дар маркази шаҳри Душанбе маҳор шуд.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 07, 2018 05:27 Asia/Dushanbe
  • Маҳори оташсӯзӣ дар қаҳвахонаи Мерве дар Душанбе

Бо талоши оташнишонон ва нерӯҳои имдодӣ, оташсӯзӣ дар қаҳвахонаи туркии Мерве дар маркази шаҳри Душанбе маҳор шуд.  

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин ҳодиса баъд аз зуҳри чаҳоршанбе шашуми июн ба вуқуъ пайваст, ки бо талоши оташнишонон маҳор шуд.  

Қаҳвахонаи Мерве як ғизохурии машҳур дар Душанбест, ки бахши хусусии кишвари Туркия ин маконро дар соли 2000 таъсис кард ва дар моҳи мубораки Рамазон низ ба меҳмонон ифторӣ медиҳад.