Зиндон ҷазои полиси хотии ноҳияи Ҳамадонӣ
(last modified Thu, 07 Jun 2018 06:17:39 GMT )
Июн 07, 2018 11:17 Asia/Dushanbe
  • Зиндон ҷазои полиси хотии ноҳияи Ҳамадонӣ

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сардори ШКҶ ШВКД дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, майори милитсия Шоҳрух Муҳудинзодаро бо айби қочоқи 1 килограм маводи мухаддири навъи "афюн" ба муҳлати 14 сол равонаи зиндон кард.

Ба иттилои Имрӯз News, бо ҳукми додгоҳ, Шоҳрух Муҳудинзодаро аз рутбаи майор низ маҳрум карданд.

Суд вайро бо моддаи 200 қисми 4 банди "в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 солу 6 моҳ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 5 сол ва маҳрум кардан аз рутбаи майори милитсия ва нисбат ба дигар ҳамаслаконш ҷазоҳои гуногун дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуд.