15 июн: Иди Фитр дар Тоҷикистон
Июн 07, 2018 11:47 Asia/Dushanbe
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, 15 июнро рӯзи Иди саиди Фитр дар ин кишвар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, бо таваҷҷуҳ ба ин эъломи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон соати 6:00 субҳи рӯзи ҷумъа (15 июн) дар тамоми масҷидҳои ҷомеъи ин кишвар, намози Иди саиди Фитр баргузор мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба инки моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон 17 май оғоз шудааст, дар натиҷа мусулмонони ин кишвар имсол 29 рӯз, рӯза мегиранд.
Иди Фитр аз ҷумлаи идҳои мазҳабӣ расмӣ дар Тоҷикистон ва рӯзи таътили расмӣ аст.