Июн 07, 2018 19:51 Asia/Dushanbe
  • Таътилии машрубфурӯшиҳо дар Бадахшон

Бо дастури раиси вилояти  Бадахшон 39 маркази фурӯши машруботи спиртӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят баста шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, ин фурӯшгоҳҳо бидуни муҷаввиз иқдом ба фурӯши анвои машруб карда буданд.

Озодбахт Муродҳусенов, яке аз масъулони созмони давлатии Тоҷикстандарт гуфтааст, дар бозрасиҳо мушаххас шуда, ки ин 39 фурӯшгоҳ натанҳо муҷаввизи фаъолият надоштанд, балки маводи тақаллубӣ низ арза мекарданд.

Вай афзуд, сокинони вилоят дар амри ифшо кардани фаъолияти ғайриқонунии машрубфурӯшиҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳамкории хубе доштаанд.

Гуфта мешавад, дар вилояти Бадахшон маҷмӯан 164 дукони машрубфурӯшӣ бо ҳукми мақомот таътил шудааст.