Июн 08, 2018 17:43 Asia/Dushanbe
  • Дархости амири Қатар аз раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шайх Тамим Ҳамад оли Сонӣ амири Қатар ба Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон номае ирсол кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бахши хадамоти матбуотии амири Қатар гузориш дод, дар ин нома масоили марбут ба равобити дуҷониба ва роҳҳои беҳбуди он матраҳ шудааст.

Дар мавриди муҳтавои нома беш аз ин чизе эълом нашуда, аммо Тоҷикистон бо ин кишвари арабӣ муносиботи наздик барқарор кардааст.

Дар гузориши хадамоти матбуотии амири Қатар омадааст, ки номаи ёдшударо Алӣ ибни Муборак сафири Қатар дар Душанбе дар мулоқот бо Сироҷиддини Меҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба ӯ таҳвил додааст.

Сафири Қатар дар Душанбе рӯзи панҷуми июн ба муносибати поёни маъмурияти худ бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор кард.

Дар ин мулоқот ибрози умедворӣ шуд, ки ҳар ду кишвар барои густариши бештари муносиботи дуҷониба талош кунанд.

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст, бо сармоягузории беш аз 75-миллиондолларии Қатар сохта мешавад.