Як коршинос: Рушди иқтисоди Тоҷикистон ниёзманди кумаки хориҷӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35324-Як_коршинос_Рушди_иқтисоди_Тоҷикистон_ниёзманди_кумаки_хориҷӣ
Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия муътақид аст, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити феълӣ бидуни кумакҳои молии хориҷӣ имконпазир нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2018 05:14 Asia/Dushanbe
  • Як коршинос: Рушди иқтисоди Тоҷикистон ниёзманди кумаки хориҷӣ

Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия муътақид аст, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар шароити феълӣ бидуни кумакҳои молии хориҷӣ имконпазир нест.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Казантсев ба тасмими давлати Тоҷикистон барои ҳазина кардани ҳудуди 70 миллиард сомонӣ (7.7 миллиард доллар) ба манзури иҷрои барномаҳои тавсеаи миёнамуддат барои солҳои 2016-2020 ишора кардааст.

Ба гуфтаи вай, барои таъмини ҳазинаи ин барнома, Тоҷикистон манобеи дохилии кофӣ дар ихтиёр надорад ва имкони иҷрои ин тарҳ ба хотири мушкилоти иқтисодии фаровон дар ин кишвар, бидуни ҷазби сармояи хориҷӣ бисёр сахт хоҳад буд.

Андрей Казантсев ёдовар шудааст, умдаи кумакҳои молии хориҷӣ қарзҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ, ихтисоси эътибороти молӣ аз сӯйи давлати Чин ва даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия аст.

Даромади ҳосил аз фурӯши алюминиюм ва нахи пахта низ чандон зиёд нест ва навасоноти қимати ин ду маҳсул дар бозори ҷаҳонӣ ҳам рӯйи даромадҳо таъсир мегузорад.

Ба гуфтаи вай, умдаи ин авомил нишон медиҳад, давлати Тоҷикистон бидуни кумакҳои молии хориҷӣ тавони иҷрои барномаҳои тавсеаи миёнамуддати ин кишварро барои солҳои 2016-2020 нахоҳад дошт.