Июн 09, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Шикоят аз Додситонии кулли Тоҷикистон барои нахустин бор

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бар асоси шикояти созмони ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва вакили мудофеи Усмонбой Бобоев, ҷавони 30 -солаи дорои тобеияти Русия, амалкарди Додситонии кулли Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин фард дар соли 2010 барои дидор бо волидайнаш ба ноҳияи Исфара омада буд, ки дар масҷиди ҷомеи ин шаҳр аз сӯйи кормандони идораи полиси вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ боздошт шуда ва бар асари шиканҷа ҷони худро аз даст дода буд.

Колбадшикофӣ ва натоиҷи ташхиси пизишкии қонунӣ нишон додааст, вай бар асари истифода аз шоки барқӣ ҷони худро аз даст дода буд, вале шикояти волидайн ва вакили мудофеи марҳум тайи ин ҳашт сол ба ҷое нарасидааст.

Акнун пас аз мудохилаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, ин моҷаро дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Ин бор созмони ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва вакили мудофеи Усмонбой Бобоев, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашидаанд, ки қаблан дар мавриди ин парванда навишта буданд, ниёзе ба бозбинии он вуҷуд надорад.

Ба эътиқоди шикояткунандагон, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттифоқоти марбут ба шиканҷа ва дар натиҷа кушта шудани Усмонбой Бобоевро нодида гирифта ва танҳо талош кардаанд, бар ин ҷиноят сарпӯш бигузоранд.

Ин нахустин бор дар таърихи додгустарии Тоҷикистон аст, ки Додситонии кулли ин кишвар ба додгоҳ кашида мешавад.