Сафири Бритониё бо гиревбанди тоҷикӣ роҳии қасри малака шуд
Июн 09, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
Сафири Бритониё дар Тоҷикистон бо гиревбанди тарҳи атлас ба маросими тақдими ҷоиза дар қасри Букингем рафт.
Ба нақл аз Спутник, Ҳю Филпот бо гиревбанде, ки тарҳи атлас дошт ва кори дасти Хуршед Сатторов тарроҳи муваффақи тоҷик аст, ба қасри малака Елезабета рафт.
Вай дар саҳифаи Фейсбуки худ аз Хуршед Сатторов барои пешниҳоди гиревбанди атлас сипосгузорӣ карда ва навиштааст, ман ифтихор мекунам, ки бо гиревбанди тарроҳи тоҷик ба қасри Букингем омадам.
Дар қасри Букингем малака Елезабета Ордени импиратории Бритониёро ба ин дипломат тақдим кард.