Сафири Бритониё бо гиревбанди тоҷикӣ роҳии қасри малака шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35338-Сафири_Бритониё_бо_гиревбанди_тоҷикӣ_роҳии_қасри_малака_шуд
Сафири Бритониё дар Тоҷикистон бо гиревбанди тарҳи атлас ба маросими тақдими ҷоиза дар қасри Букингем рафт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2018 07:55 Asia/Dushanbe
  • Сафири Бритониё бо гиревбанди тоҷикӣ роҳии қасри малака шуд

Сафири Бритониё дар Тоҷикистон бо гиревбанди тарҳи атлас ба маросими тақдими ҷоиза дар қасри Букингем рафт.

Ба нақл аз Спутник, Ҳю Филпот бо гиревбанде, ки тарҳи атлас дошт ва кори дасти Хуршед Сатторов тарроҳи муваффақи тоҷик аст, ба қасри малака Елезабета рафт.

Вай дар саҳифаи Фейсбуки худ аз Хуршед Сатторов барои пешниҳоди гиревбанди атлас сипосгузорӣ карда ва навиштааст, ман ифтихор мекунам, ки бо гиревбанди тарроҳи тоҷик ба қасри Букингем омадам.

Дар қасри Букингем малака Елезабета Ордени импиратории  Бритониёро ба ин дипломат тақдим кард.