Июн 09, 2018 13:24 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони коршиносони бахши сохтмони ИДМ

Севумин нишасти коршиносони ҳавзаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Ҷомеаи Ҳамсуд) ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар ин нишаст коршиносони ҳавзаи сохтмон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ширкат кардаанд.

Бахши аслии ин ҷаласа дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Баррасии фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар ҳавзаи сохтмони кишварҳои ИДМ ва рӯйкардҳои густариши бештари иртиботот ва таомулоти ҳавзаи сохтмони ин ҷомеа аз мавзӯоти аслии нишаст ба шумор мераванд.

Коршиносони кишварҳои ИДМ заминаҳои мухталифи ҳамоҳангсозии илзомот ва асноди ҳуқуқӣ ва фаннии бахши сохтмони ИДМ ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар мавриди моделсозии иттилоот дар ҳавзаи сохтмонро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Баррасии масоили марбут ба афзоиши эминии ларзаӣ ва тавсеаи сохти биноҳои муқовим дар баробари зилзила аз ҷумлаи дигар мавзӯоти муҳиме аст, ки тайи ин нишаст баррасӣ мешавад.

Дар поёни ин ҷаласа пешнависи тавофуқномаи кишварҳои узви ИДМ дар мавриди усулҳои муштараки системаи асноди байнидавлатӣ дар заминаи сохтусоз ва раванди иҷрои барномаҳо барои соли ҷории мелодӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.