Июн 11, 2018 10:06 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон – хатти аввали таъмини амнияти Осиёи Марказӣ

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва устоди Мактаби олии иқтисади Русия мӯътақид аст, ки Тоҷикистон ба далели ҳамсоя будан бо Афғонистон барои Маскав ба унвони хатти муқаддами таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, аз аҳаммияти зиёде бархӯрдор мебошад.

Ба гузориши Спутник, Григорий Лукянов гуфтааст, ки дар шароити феълӣ Афғонистон, ки маншаи таҳдиди амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, Русия худро муваззаф ба кумак ба Тоҷикистон медонад, то аз таҳррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар марзи муштарки ин кишвар бо Афғонистон ҷилавгирӣ шавад.

Аммо танҳо бо ирсоли таслиҳот ва таҷҳизоти ҷангӣ, омӯзиши низомиёни артиши Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои ниҳодҳои амниятӣ ва ташдиди контроли марзи ин кишвар бо Афғонистон, таъмини амният дар минтақа ғайримумкин мебошад. Аз ин рӯ, Русия бо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Тоҷикистон ва иштиғолзоӣ талош мекунад, ки суботи иҷтимоӣ дар дохили ин кишварро ҳифз кунад. Зеро Тоҷикистон аз нигоҳи рушди солонаи ҷамъият дар мақоми нахуст дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд қарор дорд ва миллионҳо шаҳрванди ин кишвар дар Русия кору фаъолият мекунанд, ки даромади ирсолии ин афрод мӯҷиби ҳифзи суботи иқтисоди иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистон мегардад.

Аммо бино бар мулоҳизот  чанд соле аст, ки ҳукумати Тоҷикистон раванди пайвастан ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии Евразияро ба таъхир меандозад, ки метавонист шароити ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҳузури коргарони муҳоҷир ин кишвар дар Русияро, беҳбуд бахшад.