Июн 11, 2018 16:13 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳҳои оянда дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Фирӯз Иброҳимӣ, дабири кулли хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ гуфт: Ба манзури тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва муаррифии тавоноиҳои санъатии Эрон се намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия баргузор мешавад.  

Иброҳимӣ гуфт: Замони баргузории намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Узбакистон июл- август ва дар Тоҷикистон август-сентябр хоҳад буд.

Вай афзуд: Дар сентябр-октябр низ ин намоишгоҳ дар Русия баргузор хоҳад шуд.