Коршиноси рус: Тоҷикистон кишвари хашин нест
Коршиноси руси хулосаи донишгоҳи австралияиеро, ки Тоҷикистонро кишвари хашин номидааст, ғайримунсифона ва нодуруст донист.
Ба гузориши “Спутник”, Алексей Малашенко, исломшинос ва корманди пажуҳишгоҳи “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Русия бо ишора ба хулосаи Донишгоҳи байналмилалии иқтисод ва сулҳ, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ (Global Peace Index)-и кишварҳои сулҳдӯст Тоҷикистонро дар мақоми 114 қарор додааст, мегӯяд, Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва таҳти таъсири ҳаводиси кишвари ҳамсоя авзои Тоҷикистон низ тағйир мекунад. Ба гуфтаи Малашенко, авзои амниятии Афғонистон ғайри қобили пешбинӣ аст ва Тоҷикистон маҷбур мешавад, барои ҳифозат аз марзи хеш бо ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз вуруди террористу қочоқчиёни маводи мухаддир иқдом кунад, аз ин рӯ, ҷой додани Тоҷикистон дар радифи кишварҳои хашин мунсифона нест. Алексей Малашенко муътақид аст, Донишгоҳи байналамилалии иқтисод ва сулҳ, ки ин баровардро анҷом дода, дар Австралия фаъолият мекунад ва ба назар мерасад, ки дар ин маркази пажуҳишӣ коршиносони ҳирфаӣ дар умури Осиёи Марказӣ кам ҳастанд, ки чунин ташхис нодурусте ироа кардаанд.
Донишгоҳи иқтисод ва сулҳи Австралия дар раддабандии хеш дар соли 2017 ғайр аз Тоҷикистон дигар кишварҳои Осиёи Марказиро сулҳдӯст гуфтааст.