Июн 12, 2018 09:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо як кило ҳероин дар Маскав

Пулиси пойтахти Русия як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо наздик ба як кило ҳероин боздошт кард.

Ба гузориши “Спутник”, ҳангоми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо бастаи наздик ба як кило ҳероин тарозуи кӯчаке низ кашфу забт шуда, ки нишон медиҳад, ин фард қасди фурӯши ин миқдор маводи мухаддирро доштааст. Мақомоти пулиси Маскав номи ин шаҳрванди Тоҷикистонро эълом накардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати умури дохилии Русия, дар ҳоли ҳозир ҳашт ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои ин кишвар давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки аксари онон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва маҳкум шудаанд. Дар зиндонҳои Русия беш аз 29 ҳазор зиндонии хориҷӣ давраи маҳкумияти худро мегузаронанд, ки бештари онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир дар заминаи интиқоли анвои ин мавод, аз ҷумла ҳероин аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва интиқоли он аз қаламрави Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Русия бисёр фаъол ҳастанд. Бо вуҷуди шиддат ёфтани мубориза бо ин гурӯҳҳои мафияӣ ҳанӯз ҳам имкони пешгирӣ аз фаъолияти онҳо фароҳам нашудааст.