Намояндаи Тоҷикистон мудири яке аз бахшҳои СҲШ
Июн 13, 2018 11:30 Asia/Dushanbe
Як намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони мудири иҷроии маркази минтақаии зиддитерроризми Созмони Ҳамкории Шанхай интихоб шудааст.
Ба гузориши сомонаи интернетии Созмони Ҳамкории Шанхай, Ҷумъахон Ғиёсов, ки барои ин мансаби муҳим ва ҳассос интихоб шудааст, аз рӯзи аввали январи сол 2019 давраи масъулияти худро оғоз хоҳад кард.
Ҷумъахон Ғиёсов ҳамакнун муовини аввали раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну ойинҳои миллӣ аст.
Ин мақоми тоҷик ҷойгузини намояндаи Русия дар мудирияти маркази минтақаии зиддитерроризми СҲШ мешавад ва то поёни соли 2021 дар ин ниҳод масъулият хоҳад дошт.
Гуфтанӣ аст, пеш аз ин Рашид Олимов, намояндаи дигари Тоҷикистон ба унвони дабири кулли СҲШ интихоб шуда буд.