Июн 14, 2018 10:41 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Исмонзода аз навъи бархурди полис бо мақомоти бонкҳои буҳронзада

Вакили парлумони Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонзода дар як суханронии пурэҳсос дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба нирӯҳои СС-и Олмони фашистӣ монанд кард ва гуфт, "вақте нигоҳ мекунед, фикр мекунед, ки ба онҳо як овчаркаи немисӣ намерасаду формаи СС.”

Ба иттилои Ка-Ниюз, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонзода рӯзи 13 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро ба нирӯҳои СС-и Олмони фашистӣ монанд кард.

Исмонзода, ки дар мавзӯи рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гуруҳҳои барои ҳалли мушкилоти бонкҳои буҳронзада таъсисёфта суҳбат мекард, гуфт: "Кормандони мақомоти қудратӣ нисбат ба кормандони бонкҳои буҳронзада – "Агроинвестбонк”, "Тоҷиксодиротбонк ва бонкҳои барҳамхӯрдаи "Тоҷпромбонк” ва "Фононбонк” мисли ҷинояткор муносибат мекунанд."

Ин вакили Маҷлиси намояянядагон бо изҳори нигаронӣ афзуд: "Ба ин нигоҳ мекунеду фикр мекунед, ки ба онҳо фақат овчаркаи немисӣ намерасаду формаи СС.”

Саидҷаъфар Исмонзода дар суханрониаш гуфт, кормандони мақомоти қудратӣ фаромӯш кардаанд, ки кормандони низоми бонкдорӣ дар рушди Тоҷикистон саҳми бузург доранд. Ӯ аз ҷумла аз раиси "Агроинвестбонк” Муродалӣ Алимардон ёдоварӣ кард: "Онҳо намехоҳанд бидонанд, ки бо чунин шахсиятҳое, ба мисли Муродалӣ Алимардон, ки дар саргаҳи низоми бонкии Тоҷикистони соҳибистиқлол истода буданд, набояд чунин муносибат кард. Муродалӣ Алимардон барои давлату миллат хидмати зиёд кардааст ва имрӯз ҳам дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ як мутахассиси варзидаи низоми бонкии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ӯро ба имрӯз ба шакли дағалона ба ситодҳо мекашонанд, нисбат ба вай беодобӣ мекунанд ва ман мехоҳам, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин хабардор шавад.”

Исмонзода дар суханрониаш аз вазири молият собиқ Абдусалом Қурбониён интиқод кард, ки қариб 4 миллиард сомонӣ маблағи аз ҳисоби ҳукумат барои наҷоти бонкҳои буҳронзада ҷудошударо мувофиқи мақсад истифода набурд: "Вазири онвақтаи молия Абдусалом Қурбониён аз ҳисоби ин маблағҳои ҷудошуда аввал хост ки мушкилоти вазорати молияро ҳал кунад ва қарзҳои пеш гирифтаи вазоратро баргардонд. Дар айни замон ӯ бонкҳоро ҷарима басту молу мулки онҳоро ба ҳабс гирифт.”