Июн 14, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Табрики Раҳмон ба муносибати иди Саиди Фитр

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми идонааш ба муносибати иди Фитр бори дигар аз мардум хост, ки ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд ва рӯзи ид дастурхони худро хоксорона биороянд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, ки "дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир” мардум ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 июн бо нашри як паёми идона мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани иди Фитр табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём моҳи шарифи Рамазонро "айёми раҳмату мағфират, бахшидани гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва анҷом додани амалҳои хайру савоб” номид.

Ӯ ҳамчунин моҳи Рамазон ва иди Фитрро аз ҷумла суннатҳои муқаддаси динӣ унвон кард ва аз мардум хост, дар ин айём ҳарчӣ бештар ба корҳои хайру савоб рӯ биоранд.

Президенти Тоҷикистон дар табрикоти идонааш бори дигар аз мардум хост, ки ба исроф роҳ надиҳанд ва дар рӯзи ид дастурхони худро ба сурати хоксорона пероста кунанд: "Дини мубини ислом ба мусулмонон талқин мекунад, ки дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд.Тибқи ин фармудаҳо мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастурхони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташ ҳамин тавр дигарбора ба масъалаи садақаи фитр пардохт ва гуфт, ки садақаи фитр бояд ба мардуми мӯҳтоҷ дода шавад: "Яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон додани садақаи фитр мебошад. Тибқи таълимоти Қуръону ҳадис ва фатвоҳои бузургони мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирӣ ва кумак ба шахсони ниёзманд аст ва бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва маризону камбизоатҳо дода шавад. Дар ин бобат Паёмбари ислом фармудаанд, ки "касе ятимеро ба кафолат мегирад, фардо дар рӯзи қиёмат дар канори ман мебошад”.