Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35672-Намози_иди_Фитр_дар_Тоҷикистон_баргузор_шуд
Намози иди Фитр дар Тоҷикистон бо ҳузури пуршукӯҳи мардум дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 15, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд

Намози иди Фитр дар Тоҷикистон бо ҳузури пуршукӯҳи мардум дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, намози иди Фитр дар Тоҷикистон, имрӯз ҷумъа соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ бо ҳузури густурдаи мардум ва таҳти тадобири амниятӣ дар тамоми масоҷиди ҷомеи ин кишвар баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар паёме фаро расидани ин идро ба мардуми кишвараш табрик гуфта ва моҳи рамазон ва иди саиди Фитрро бозтобдиҳандаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аъмоли хайр ва созандаи сабру таҳаммул, раҳму шафақат, некӣ ва некӯкорӣ донистааст.

Диду боздид, қироати Қуръон, кумак ба мустамандон, аёдати беморон, ҳадя ба кӯдакон ва суфраҳои идона бо анвои гуногуни ғизо аз ҷумлаи русуми мардуми тоҷик аст, ки дар иди Фитр сурат мегирад.

Мардуми Тоҷикистон иди саиди Фитрро се рӯз ҷашн мегиранд.