Июн 15, 2018 19:57 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои амнияти Тоҷикистон, зермаҷмуаи Дафтари раёсати ҷумҳурӣ

Парлумони Тоҷикистон бо ҳимоят аз ислоҳоти Қонуни асосӣ, Дабирхонаи Шӯрои амнияти ин кишварро зермҷмуаи Дафтари раёсати ҷумҳурӣ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузори Форс, Мансурҷон Умаров муовини аввали Кумитаи давлатии амиянти миллии Тоҷикистон дар парлумон дар инбора гуфт: Пеш аз ин Дабирхонаи Шӯрои амният ба унвони як сохтори давлатии мустақил фаъолият мекард.

Раёсати Дабирхонаи Шӯрои амнияти Тоҷикистонро аз панҷуми январи соли 2012 Абдурраҳмон Қаҳоров ва раёсати Дафтари иҷроии раёсати ҷумҳурии ин кишварро аз соли 2016 Озода Раҳмон духтари раиси ҷумҳурӣ бар уҳда дорад.

Бо ислоҳ ва тасвиби ин қонун, Дабирхонаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба як ниҳоди зермаҷмуаи Озода Раҳмон табдил шуд.

Шӯрои амният масоили марбут ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар заминаи тазмини амният, мушкилоти стратегӣ, иқтисодӣ, амнияти умумӣ, дифоъӣ, муҳити зист, иттилоотӣ, беҳдошти умумӣ, пешбинӣ ва ҷилавгирӣ аз шароити изтирорӣ, таъмини субот, қонун ва назмро дар ин кишвар баррасӣ мекунад.