Сентябр 05, 2016 09:30 Asia/Dushanbe
  • Номи Муҳиддин Кабирӣ дар феҳристи Интерпол қарор гирифт

Номи раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал қарор гирифтааст.

Ба гузоришb радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сойти Интерпол, Полиси байналмилал ба тозагӣ номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар феҳристи афроди таҳти пайгарди худ қарор дода, ки ин иқдом бо вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла корбарони Фейсбук мувоҷеҳ шудааст.

Пеш аз ин, мақомоти қазоии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки номи раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал (http://www.interpol.int/notice/search/wanted/2015-63685) қарор дорад ва ӯ бояд боздошт ва ба кишвараш истирдод шавад.

Бо ин ҳол то ин авохир номи Кабирӣ дар бахши иттилоотии афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал мушоҳида намешуд.

Муҳиддин Кабирӣ пас аз ин ки ҳизби таҳти раҳбариаш дар интихоботи марти соли 2015-и Тоҷикистон аз роҳёбӣ ба порлумон бозмонд, аз кишвараш хориҷ шуд.

Дар он замон Ҳизби наҳзати исломӣ саломати интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон зери суол бурд.

Бо ин ҳол, мақомоти қазоии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар шӯриши сентябри соли гузаштаи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини Вазорати дифои ин кишвар муттаҳам мекунанд.

Иттиҳоме, ки вай ҳамвора онро рад карда ва гуфтааст, ки ҳадаф аз иртибот додани ин ҳаводис бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мамнуъ кардани фаъолияти ин гурӯҳи исломӣ будааст.

Дар пайи шӯриши чаҳоруми сентябри соли гузаштаи генерал Назарзода, мақомоти қазоии Тоҷикистон Ҳизб наҳзати исломиро созмони террористӣ эълом ва беш аз 200 нафар аз масъулон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломиро ба иттиҳоми даст доштан дар ин моҷаро боздошт ва бархе аз ононро ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум карданд.

 

Барчасп