Пайдо шудани махфигоҳи силоҳ ва муҳимот дар шимоли Тоҷикистон
Неруҳои амниятии Тоҷикистон ҳангоми анҷоми як амалиёти ҷустуҷӯ дар шимоли Тоҷикистон муваффақ ба пайдо кардани як махфигоҳи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ шуданд.
Ба гузориши Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, аз ин махфигоҳ, ки дар наздикии постгоҳи марзии Турсунзода воқеъ аст, даҳҳо навъ силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ пайдо шудааст.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки ин махфигоҳ мутааллиқ ба кӣ ё кадом гурӯҳе аст.
Тоҷикистон давоми солҳои пас аз истиқлол, ҷанги дохилӣ ва чандин шӯриш ва даргириҳои парокандаро пушти сар гузошта ва аз он замон то кунун хабарҳои фаровоне дар бораи пайдо шудани махфигоҳҳои аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ дар нуқоти мухталифи ин кишвар мунташир шудааст.
Ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 бо миёнҷигарии Эрон ва Русия ба поён расид.