Даргузашти яке аз раҳбарони ҳаракати истиқлолхоҳии Тоҷикистон
Ҷумъахон Исоев, донишманди тоҷик ва яке аз саромадони ҷунбиши бедории миллӣ дар солҳои 80 ва 90 шаби 14 июн, дар арафаи иди саиди Фитр аз олам чашм пӯшид.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, донишманди шинохтаи тоҷик Мирбобо Мирраҳим дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки шаби 14 июн, дар арафаи иди саиди Фитр яке аз саромадони ҷунбиши бедории миллии мардуми тоҷик Ҷумъахон Исоев аз олам чашм пӯшидааст.
Ҷумъахон Исоев маъюби модарзод буд ва бо асобағал роҳ мерафт. Ӯ дар солҳои 80 дар риштаи кимиёи Донишгоҳи давлатӣ ба шогирдон дарс медод.
Исми Ҷумъахон Исоев моҳи марти соли 1989 дар пайи баргузории нахустин митинг дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистони ҳанӯз шӯравӣ вирди забонҳо шуд. Дар он митинг, ки бо ташаббуси Ҷумъахон Исоев, устоди риштаи физикаи Донишгоҳи давлатӣ Барот Мақсудов, коргари корхонаи пойафзолбарории Душанбе Сафари Мастонзод ва донишҷӯи риштаи иқтисоди ҳамин донишгоҳ Мирзои Салимпур баргузор шуд, мардум, аксаран донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт дар майдони марказии Душанбе, ки ҳанӯз номи Ленинро дошт, гирд омада, ба забони тоҷикӣ додани мақоми забони давлатиро талаб карданд.
Ташкилкунандагони митинг, аз ҷумла Ҷумъахон Исоев таҳти фишори шадиди мақомоти амниятии Шӯравӣ қарор гирифтанд, вале ҳукумати коммунистӣ алакай моҳи июли соли 1989 маҷбур шуд, таҳти фишори мардум қонуни забони давлатиро қабул карда, ба забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми давлатӣ бидиҳад.
Ҷумъахон Исоев дар ҷараёни ҳодисоти баъдӣ дар ҳошия қарор гирифт ва дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кор мекард.
Ҷумъахон Исоев дар ёдҳо ҳамчун нафаре, ки дар саргаҳи ҷунбиши бедории миллии мардуми тоҷик дар солҳои 80 ва 90 меистод, боқӣ мемонад.