Июн 19, 2018 08:59 Asia/Dushanbe
  • Як миллиарду 700 миллион доллар – ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии ин кишварро тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ як миллиарду 700 миллион доллар эълом кард, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 дарсад рушд доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, тайи моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 429 миллион доллар коло аз Тоҷикистон содир шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ соли қабл 13 дарсад бештар аст. Ҳамчунин тайи ин муддат як миллиарду 300 миллион доллар анвои маҳсулот ба Тоҷикистон ворид шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл ҳудуди 25 дарсад рушд доштааст. Умдаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ин муддат нахи пахта, сангҳои ороишӣ ва маводи хоми саноатӣ буда, дар воридоти ин кишвар бештар мошин, таҷҳизоти мухталиф, оҳан ва маводи мавриди ниёзи корхонаҳои саноатӣ мушоҳида мешавад.

Русия, Чин ва Қазоқистон аз умдатарин шарикони тиҷории Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ муаррифӣ шудаанд.

Душанбе дар ин се моҳ бо 90 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷорӣ доштааст.