Машварати додгоҳ барои судури ҳукми ду афсари муттаҳам ба шиканҷа
(last modified 2018-06-19T04:32:25+00:00 )
Июн 19, 2018 09:32 Asia/Dushanbe
  • Машварати додгоҳ барои судури ҳукми ду афсари муттаҳам ба шиканҷа

Додгоҳи низомии вилоят Суғд бо поёни баррасии парвандаи ду афсари мазнун дар шиканҷаи як узви собиқи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки мӯҷиби худкушии ӯ шуд, ба машварат барои судури ҳукм пардохт.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, ин додгоҳ дар рӯзҳои оянда ҳукми худро алайҳи Латиф Юлдошев, афсари идораи пулиси вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов, корманди идораи амнияти миллии ноҳияи Ашт эълом хоҳад кард. Ин ду муттаҳам ба боздошти ғайриқонунӣ, шиканҷа ва гирифтани иқрори иҷборӣ аз Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳастанд, ки мӯҷиби худкушии ӯ дар моҳи августи соли 2017 шуд.

Комил Хоҷаназаров, узви собиқи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон қаблан боздошт ва бо пардохти пул озод шуда буд, вале дубора аз сӯйи кормандони идораи пулиси вилояти Суғд ва идораи амнияти миллии ноҳия Ашт боздошт шуда буд. Ӯ қабл аз худкушӣ бо интишори як навори савтӣ дар интернет иллати худкушии худро шиканҷа ва озору азият унвон карда буд. Пас аз интишори ин навор қабри Комил Хоҷаназаров боз ва ҷасади ӯ мавриди колбадшикофӣ қарор гирифт, ки осори шиканҷа ошкор шуд. Ин дар ҳолест, ки Шуҳрат Шамсиддинов, афсари дигари идораи пулиси вилояти Суғд ва муттаҳам ба мушорикат дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров фирорӣ аст ва талошҳо барои ёфтани ӯ идома дорад.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба иттиҳоми иртибот бо шӯриши генерал Абдулаҳлим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ мамнӯъ кард ва номи ин ҳизбро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор дод. Мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар тамоми иттиҳомотро рад карда ва гуфтаанд, дар ду соли ахир беш аз 100 нафар аз аъзои ин ҳизб дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.