Сафари расмии раисҷумҳури Покистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35836-Сафари_расмии_раисҷумҳури_Покистон_ба_Тоҷикистон
Раисҷумҳури Покистон барои анҷоми сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 19, 2018 06:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари расмии раисҷумҳури Покистон ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури Покистон барои анҷоми сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ба гузориши “Авесто”, Мамнун Ҳусейн, раисҷумҳури Покистон ва ҳайати ҳамроҳаш имрӯз бо мақомоти аршади Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад. Қарор аст, раисҷумҳури Покистон тайи ин сафари 4-рӯза бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон музокираи расмӣ анҷом диҳад.

Фардо, 20-уми июн Мамнун Ҳусейн дар радифи соири мақомоти олирутбаи хориҷӣ дар конфронси байналмилалӣ ба унвони "Об барои рушди пойдор-2028-2018" ширкат мекунад. Ин конфронс ба мизбонии Душанбе ва бо ҳамкории Созмони Милал ва дигар созмонҳои муътабари байналмилалӣ доир хоҳад шуд.