Эҷоди Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон
Июн 19, 2018 15:59 Asia/Dushanbe
Дар нишасти ҳайъати давлати Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон эҷоди Шӯрои миллии суботи молӣ дар ин кишвар тасвиб шуд.
Ба иттилои Форс, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис "Дар бораи нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи дуюми соли 2018" шахсони масъул ҳисобот доданд.
Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои ҳукумат "Дар бораи Барномаи давлатии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020", "Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ" ва "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар кишвар баррасӣ карда шуд.