Июн 20, 2018 12:35 Asia/Dushanbe
  • Се санади ҳамкорӣ - раҳоварди сафари раиси ҷумҳурии  Покистон ба Душанбе

Имзои се санади ҳамкорӣ раҳоварди сафари раиси ҷумҳурии Покистон ба Душанбе буд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Мамнун Ҳусайн, раиси ҷумҳурии Покистон, ки ба манзури ширкат дар конфронси байналмилалии об ба Душанбе сафар карда буд, дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон бар афзоиши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ таъкид кард.

Раҳмон низ дар оғози ин дидор аз равобити сиёсӣ, муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои мухталифи ду кишвар изҳори ризоият ва ба ҷойгоҳи вижаи Покистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба унвони шарики боэътимоди кишвараш таъкид кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба афзоиши ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ то 500 миллион доллар, истифодаи муштарак аз имконоти энержии Тоҷикистон, иҷрои тарҳҳои дорои аҳамияти минтақаӣ, аз ҷумла проекти “КАСА-1000” ва роҳандозии фурсатҳои транзитии ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, истифода аз фурсатҳои муносиб барои пардозиши маводи маъданӣ, аз ҷумла санг ва металҳои гаронбаҳо, тавлиди алюминиюм бо кайфият боло, тавлиди мошинолоти барқӣ ва ҳамкорӣ дар бахши саноеи нур ва ғизо, маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаи тавлиди масолеҳи сохтмонӣ ва доруӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкории густурдаи тоҷирони ду кишвар низ метавонанд аз авлавиятҳои равобити дуҷониба бошанд.

Тарафайн фаъолияти мардуми тоҷик таҳти унвони “Тоҷик қавми иттиҳоди порти Покистон” ва интишори маҷаллаи “Тоҷик”- ро намунаи беҳтарин ҳамкорӣ дар ин замина хонданд.

Ҳамкориҳои амниятӣ ва масоили мубориза алайҳи таҳдидоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷурмҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла барқарории сулҳу субот дар Афғонистон аз дигар мавориде буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас ба манзури тавсеа ва густариши муносиботи дуҷониба се санади ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид ва раисони ҷумҳурии ду кишвар баёнияи муштараки худ дар мавриди тақвияти стратегияи ҳамгироии минтақаиро миёни Душанбе ва Исломобод ба имзо расонданд.