Июн 20, 2018 14:04 Asia/Dushanbe
  • Толибон дар дарвозаҳои Тоҷикистон

Як сомонаи интернетии русзабон аз нуфузи беш аз пеши Толибони Афғонистон ба манотиқи ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гузориши сомонаи “Сентр Азия”, дар мақолаи “Толибон дар дарвозаҳои Тоҷикистон” ба чандин мавриди ҳамлаи нерӯҳои ин гурӯҳ тайи як моҳи ахир ба рустоҳо ва навоҳии вилоятҳои Кундӯз ва Тахор, дар шимоли Афғонистон (ҳаммарз бо Тоҷикистон) пардохтааст.

Ин сомона бо истинод ба манобеи маҳаллӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон, навъи таҷҳизот ва пӯшиши нерӯҳои Толибонро умдатан тавлиди Амрико ё дигар кишварҳои узви НАТО эълом кардааст.

Ҳамчунин ба ҳадафи эҳтимолии Толибон ва дигар гурӯҳҳои ифротии мустақар дар шимоли Афғонистон барои убур аз марзи ин кишвар бо Тоҷикистон низ ишора ва ин савол матраҳ шудааст: “Оё нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз тавоноии кофӣ барои муқобила бо гурӯҳҳои мутаҷовиз аз кишвари ҳамсоя бархурдоранд?”.

Пеш аз ин мақомоти тоҷик, ба вижа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурӣ ва дигар мақомоти низомӣ- амниятии ин кишвар аз истиқрори ҳазорон нафар аз нерӯҳои Толибон, ДИИШ ва Алқоида дар манотиқи марзии Осиёи Миёна ва Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буданд.

Афғонистон бо се кишвари Осиёи Марказӣ шомили Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳаммарз аст.