Боздиди намояндагони Созмони милали муттаҳид аз кӯли Сарез
Теъдоде аз намояндагони Созмони милал ба ҳамроҳи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон боздид карданд.
Ба нақл аз Авесто, генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин боздид ба Наталя Горман, мудири дафтари дипломатии пешгиронаи Созмони милал дар Осиёи Марказӣ, Ҷилберт Ҳонго, мудири Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва ҳайъати чинӣ дар бораи падид омадани кӯли Сарез ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз тахриби он, иттилооте дод.
Вай таъкид кардааст, бо истифода аз таҷҳизоти насбшуда, авзоъ дар минтақаи кӯли Сарез дар вилояти Бадахшон таҳти назорати 24 соатаи коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қарор дорад.