Июн 21, 2018 19:50 Asia/Dushanbe
  • Меҳварҳои дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Раиси иҷроии Афғонистон дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоӣ шудани пешнависи тавофуқномаи роҳбурдӣ, миёни Кобул ва Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи панҷшанбе пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе, эълом кард, Афғонистон пешнависи тавофуқномаи роҳбурдиӣ миёни Кобул ва Душанберо ниҳоӣ карда ва ба зуддӣ масъулони ду кишвар ин тавофуқро имзо хоҳанд кард.

Раиси иҷроии Афғонистон гуфт, кишвараш аз тарҳи роҳи оҳани минтақаии сеҷониба ва панҷҷониба ҳимоят мекунад.

Вай ҳамчунин ҳимояти Афғонистонро аз пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ҳамкорӣ барои муқобила бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир эълом кард.

Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин дидор хоҳони афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар шуда ва афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистонро ваъда дод.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома бо ишора ба тағйироти ҷиддӣ дар сиёсатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, хоҳони ҳамкории ҷиддӣ миёни ниҳодҳои низомӣ ва амниятии ду кишвар шудааст.