Июн 22, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Музокироти мақомоти аршади Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе

Мақомоти аршади Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии Душанбе бар густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаи иқтисодӣ ва амниятӣ таъкид карданд.

Ба гузориши манобеи расмии Тоҷикистон, дар дидори Шакурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати Афғонистон масоили марбут ба иқтисод ва тиҷорат ва низ идомаи иҷрои пружаи интиқоли хатти барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон мавсум ба КАСА 1000 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Зуҳуров дар ин дидор гуфт, Тоҷикистон ба Афғонистон семент ва неруи барқ содир мекунад.

Тоҷикистон соли гузашта ба мизони 1,4 миллиард киловатт соат ба Афғонистон барқ фурӯхт ва қарор аст имсол барқи содиротӣ ба Афғонистонро ба 1,5 миллиард киловатт соат бирасонад.

Дар гуфтугӯи Зуҳуров ва Абдуллоҳ ҳамчунин мавзӯи ҳамкорӣ дар бахши амниятӣ, аз ҷумла таҳкими марзи муштараки ду кишвар матраҳ шуд.

Ин мавзӯъ меҳвари музокироти вазирони кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе буд.

Рамазон Раҳимзода ва Вайсаҳмади Бармак дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои муштарак зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир гуфтугӯ карданд.

Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди як ҳазору 400 километр марзи муштарак доранд.

Музокироти мақомоти аршади Тоҷикистон ва Афғонистон дар Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки истиқрори беш аз пеши гурӯҳҳои террористии монанди Толибон ва ДИИШ дар наздикии марзи ду кишвар сабаби нигаронии ҷиддии мақомоти тоҷик шудааст.