Беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36002-Беҳбуди_кайфияти_омӯзиши_забони_русӣ_дар_Тоҷикистон
Муовини вазири омӯзиш ва улуми Русия гуфтааст, кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ки онро омӯзгорон аз Русия дарс медиҳанд, тайи як соли ахир ба таври қобили мулоҳизае беҳбуд ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 23, 2018 10:14 Asia/Dushanbe
  • Беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Муовини вазири омӯзиш ва улуми Русия гуфтааст, кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ки онро омӯзгорон аз Русия дарс медиҳанд, тайи як соли ахир ба таври қобили мулоҳизае беҳбуд ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, Павел Зенкович дар ҷаласаи Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, дастовардҳои донишомӯзони тоҷик, ки зери назари муаллимони эъзомии Русия омӯзиш мебинанд, тайи як соли гузашта дар озмунҳо ва олимпиадаҳои минтақа нишон дода, кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст.

Вай бо ибрози ризоят аз фаъолияти 29 муаллими эъзомӣ аз Русия дар 9 мактаби Тоҷикистон дар соли таҳсилии гузашта гуфтааст, акнун Шӯрои Федератсияи Русия саргарми баррасии мавзӯи гузиниши 30 омӯзгори дигар барои тадрис дар Тоҷикистон аст.

Аз 29 муаллими эъзомӣ аз Русия пас аз як соли фаъолият танҳо ҳашт нафар эълом кардаанд, ки ба Русия бармегарданд ва бақия хостори тамдиди қарордод ва идомаи фаъолият дар мактабҳои Тоҷикистон ҳастанд.

Аз ин рӯ, 30 омӯзгори эъзомӣ аз Русия аз оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон (аввали моҳи сентябр) ба тадрис машғул хоҳанд шуд.

Ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, бо пардохти 60 ҳазор рубл (ҳудуди ҳазор доллар), бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони забони русиро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад.

Ҳамчунин бар асоси қарордоди дуҷониба, Тоҷикистон ҳам маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони забони русиро таъмин мекунад.

Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.