Июн 23, 2018 11:18 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти як узви дигари

Оятуллоҳ Гиляев яке аз аъзои пешини "Гуруҳи 24" ба Тоҷикистон баргаштааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, вай ки маъруф ба "Фирорӣ" аст пас аз бозгашт ба ватан, дар чанд изҳори назари видеоӣ аз мақомоти Тоҷикистон барои ҷавонмардӣ нишондодан ва афви вай сипосгузорӣ кардааст.

Ин узви пешини "Гуруҳи 24" ҳамчунин аз ҳамқаторони пешини худ хостааст монанди вай ба ватан баргарданд.

Гиляев севвумин узви фаъоли "Гуруҳи 24" аст, ки дар ду моҳи ахир ба Тоҷикистон бармегардад.

Вай бархилофи Файзуллоҳҷон Сафаров маъруф ба "Мураббӣ", ки баъд аз бозгашташ ақс ва видеоҳои хусусии зиндагиаш дар Тоҷикистонро  дар Фейсбук мунташир мекунад ва Фирӯзшо Лоиқов маъруф ба "Шоир", ки бо вуҷуди бозгашт ба Тоҷикистон ҳануз чизе аз худ мунташир накардааст амал мекунад.

Оятуллоҳ Гиляев таи чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъол будааст ва ҳамқаторонашро ба бозгашт ба Тоҷикистон ташвиқ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки вай чаҳор сол пеш дар гирдиҳамоиҳои "Гуруҳи 24" ба шиддаст аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекард, аммо ҳоло мегуяд, ки "Мо хато кардем, ки ба ин роҳи иштибоҳ рафтем".

"Гуруҳи 24" як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки онро Умаралӣ Қуватов соҳибкор ва сармоядори фирорӣ дар соли 2012 таъсис кард.

Ин созмон дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои мухталифи Русия чандин бор иҷтимооти эътирозии зиддиҳукумати Тоҷикистон баргузор кард, ки дар пайи он додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин гуруҳро дар кишвар мамнуъ кард ва онро дар рӯйхати созмонҳои тундрав қарор дод.

Умаралӣ Қуватов раҳбари "Гуруҳи 24" моҳи марти соли 2015 дар пайи сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд.

Токунун даҳҳо тан аз аъзо ва тарафдорони ин созмон дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар ба дархостҳои мақомоти Душанбе дастгир шудаанд; вале бархе ҳам ба кишварҳои аврпуоӣ паноҳ бурдаанд.