Июн 23, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо ҷурмҳо: Меҳвари музокироти мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон дар дидоре дар шаҳри Душанбе, масоили марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳои интизомии ду кишварро, баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Рамазон Раҳимзода ва Вайсаҳмад Бармак, вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ин дидор масоили марбут ба амният, суботи минтақаӣ ва муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва соири ҷурмҳо баррасӣ шуданд.

Тарафайн тайи ин мулоқот, иқдомоти муштараки ду кишвар дар заминаи мубориза бо ҷурмҳои созмонёфтаро муассир хонданд ва бар зарурати тақвияти бештари таомулот дар заминаи мубориза бо тамоми шаклҳои ҷурм таъкид карданд.