Тоҷикистон кишваре пуроб, бо мудирияти нодуруст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36062-Тоҷикистон_кишваре_пуроб_бо_мудирияти_нодуруст
Муовини минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ пас аз ширкат дар конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028" дар шаҳри Душанбе, мудирияти нодурустро яке аз авомили эҷоди мушкили таъмини оби солими беҳдоштӣ барои мардуми Тоҷикистон унвон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2018 05:01 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон кишваре пуроб, бо мудирияти нодуруст

Муовини минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Ҷаҳонӣ пас аз ширкат дар конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028" дар шаҳри Душанбе, мудирияти нодурустро яке аз авомили эҷоди мушкили таъмини оби солими беҳдоштӣ барои мардуми Тоҷикистон унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик-ТА, Сирил Мюллер гуфтааст, дар кишваре монанди Тоҷикистон бо доштани манобеи обии фаровон, вуҷуди мушкили таъмини оби шаҳрвандон ҷойи тааҷҷуб дорад.

Вай мӯътақид аст, ҷуғрофияи кӯҳистонии Тоҷикистон сабаб шуда оби зиёде дар ин кишвар захира шавад, вале ҳанӯз ҳам ду севум аз ҷамъияти 9 миллионнафарии ин ҷумҳурӣ, ки дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд, ба оби солими беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Сирил Мюллер таъкид кардааст, бар асоси таҳқиқи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳар чаҳор хонаводаи тоҷик, яке мушкили таъмини оби ошомидании солим дорад, ки ин ҳокӣ аз заъфи мудирияти манобеи об дар ин кишвар аст.

Аз ин рӯ зарурат дорад, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мавзӯи таъмини оби мавриди ниёзи шаҳрвандони худро баррасӣ кунад.

Конфронси байналмилалии об барои рушди пойдор 2018-2028 аз рӯзи 20 то 22 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.