Таблиғоти ғайривоқеӣ ва издиҳоми харидорони маҳсулоти арзон дар Душанбе
Интишори як овоза дар остонаи дувумин солгарди фаъолияти яке аз ҳипермаркетҳои бузурги шаҳри Душанбе, рӯзи гузашта (шанбе 23 июн) сабаби таҷаммӯи ҳазорон нафар ва эҷоди сафҳои тулонӣ муқобили дари ин фурӯшгоҳи бузург шуд.
Ба гузориши сомонаи Ахбор, интишори хабари коҳиши қимати колоҳо ба ду сомонӣ, боиси издиҳоми афрод ва мутақозиёни маҳсулоти арзон пушти дари ин фурӯшгоҳ шуда буд, ба тавре, ки маъмурони интизомоти фурӯшгоҳ маҷбур шуданд мардумро ба навбат ба дохили фурӯшгоҳ роҳ диҳанд.
Ин дар ҳоле аст, ки бештари мардум пас аз вуруд ба фурӯшгоҳ ноумед шуданд, зеро ба гуфта онон, бар хилофи овозаҳо, қимати бештари колоҳои мавриди ниёзи мардум тағйире накарда ва асосан қимати маҳсулоте арзон шуда буд, ки харидори чандоне надошт.
Яке аз хабарнигорони тоҷик дар сафҳаи Фейсбуки худ, рафтанаш ба ин фурӯшгоҳро чунин тавсиф кардааст: Овозаҳо дар бораи арзонӣ ва ҳатто ду сомонӣ будани маҳсулот, дурӯғ аст! Зимнан харидорон бештар аз ду маҳсули дусомонӣ наметавонистанд бихаранд.
Ин хабарнигор ба мардум тавсия кардааст, ба хотири издиҳоми ҷамъият ва даргирву низоъ миёни мардуми мунтазир дар сафи вуруд ба фурӯшгоҳ, аз рафтан ба ин макон худдорӣ кунанд.