Июн 24, 2018 10:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе бо ҳадафи ширкат дар тантанаи бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, қарор аст дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти корхонаи санъатиро ифтитоҳ кунад.

Ҳамчунин ошноӣ бо шароити зиндагӣ ва вазъияти маъишати сокинони вилояти Суғд ва ҳузур дар барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба 21-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ аз дигар ҳадафҳои сафари Раҳмон ба ин вилоят аст.

Сафари раиси ҷумҳур аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд ва ӯ дар ин сафар аз чанд ноҳияи дигари ин вилоят боздид хоҳад кард.