Июн 25, 2018 10:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти корхонаи нави истихроҷи тило дар ноҳияи Айнӣ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи муҳими саноатӣ ва тавлидӣ ба вилояти Суғд рафтааст, сохти корхонаи нави истихроҷи тилоро дар мавзеи Кончоч расман оғоз кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, корхонаи нав ба номи "ТАЛКО Голд" тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Чин аст, ки то 18 моҳи дигар ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ин корхона аз зарфияти истихроҷи як ҳазору 500 килограмм тило ва 16 ҳазор тон сурма дар сол бархурдор хоҳад буд, ки заминаи иштиғоли як ҳазору 500 нафарро фароҳам месозад.

Захираҳои шиносоишудаи тило дар маъдани Кончоч, 50 тон ва сурма 265 ҳазор тон аст, ки ин сабаби боло рафтани ҷойгоҳи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои дорои ин маъданҳо мешавад.

Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз ин корхона пас аз Русия ва Чин, севумин тавлидкунандаи бузурги сурма дар ҷаҳон хоҳад шуд.

Корхонаи нави истихроҷи тило дар мавзеи Кончоч дар ноҳияи Айнӣ шомили се маъдани тило ва сурма ба номҳои Кончоч, Шоҳкон ва Чулбой аст, ки сабаби рушди иқтисоди ин ноҳияи кӯҳистонӣ дар шимоли Тоҷикистон мешавад.