Оташсӯзиҳои ахир дар Душанбе амдӣ набуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36138-Оташсӯзиҳои_ахир_дар_Душанбе_амдӣ_набуд
Раиси пулиси шаҳри Душанбе гуфт, вуқӯи панҷ мавриди оташсӯзӣ дар марокизи тиҷорӣ ва ғизохӯриҳо тайи моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон амдӣ набуда ва иллати вуқӯи оташсӯзиҳо нодида гирифтани ҳушдорҳои оташнишонон ва нақзи муқаррароти эминӣ будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 26, 2018 04:19 Asia/Dushanbe
  • Оташсӯзиҳои ахир дар Душанбе амдӣ набуд

Раиси пулиси шаҳри Душанбе гуфт, вуқӯи панҷ мавриди оташсӯзӣ дар марокизи тиҷорӣ ва ғизохӯриҳо тайи моҳи июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон амдӣ набуда ва иллати вуқӯи оташсӯзиҳо нодида гирифтани ҳушдорҳои оташнишонон ва нақзи муқаррароти эминӣ будааст.

Ба гузориши  сойти “TopTJ”, генерал Шариф Назарзода гуфт, баррасии иллати вуқӯи оташсӯзиҳои ахир дар бозори "Султони Кабир", қаҳвахонаи туркии “Мерве”, коргоҳи дӯзандагии “Суман”, маҳаллаи Коргоҳи гӯшт ва тарабхонаи “Роҳат” нишон медиҳад, ки ин ҳаводис амдӣ набудааст ва вуқӯи он ба муроот накардани муқаррароти эминӣ иртибот дорад. Ӯ ҳар навъ овозоҳаро дар мавриди рақобати фаъолони бахши хусусӣ бо якдигар ва тарроҳи амдии ин оташсӯзиҳо рад карда гуфтааст, ки ин ҳаводис натиҷаи бетаваҷҷуҳии моликони ин марокиз ба ҳушдорҳои оташнишонон ва нодида гирифтани муқаррароти эминӣ будааст.

Мақомоти идораи оташнишонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки хисорати ворида аз оташсӯзӣ дар бузургтарин маркази тиҷории пойтахти Тоҷикистон мавсум ба бозори “Султони Кабир” ба беш аз сеюним миллион сомонӣ мерасад, ки мағозаҳое дар масоҳати 1 ҳазору 200 метри мураббаъро нобуд кардааст. Хушбахтона, дар тамоми панҷ мавриди оташсӯзӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба касе осебе нарсидааст.