Июн 26, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” сармоягузорӣ намекунад

Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ пас аз ширкат дар конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор-2028-2018" дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ин ниҳод дар тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намекунад.

Ба гузориши “Рейтерз”, Сирил Мюллер гуфтааст, ки пас аз машварат бо мақомоти Тоҷикистон ба ин натиҷа расидаанд, ки ба ҷойи сармоягузорӣ дар тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба тармим ва бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи “Норак” кумаки молӣ кунанд. Ӯ таъкид кард, давлати Тоҷикистон исрор дорад, тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тасреъ шавад, ки ин мавзӯъ бо сиёсатҳои Бонки Ҷаҳонӣ ҳамхонӣ надорад. Аз ин рӯ, Бонки Ҷаҳонӣ дар ин тарҳ мушорикати молӣ нахоҳад кард ва бо давлати Тоҷикистон барои кумаки молӣ ба бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ин кишвар ба тавофуқ расидааст. Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон таъкид карда буд, 500 миллион доллар аз саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар хориҷ аз кишвар ба фурӯш расонда, ки бо суди солиёна ҳафт дарсад қобили бозпардохт аст ва барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ истифода мешавад.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин нерӯгоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo” вогузар кард. Ин ширкат мутааҳҳид шудааст, ки дар соли ҷорӣ трубинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун" дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯйи рӯдхонаи Вахш дар авоили солҳои 1970  барномарезӣ шуд, аммо ба иллати ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳанӯз ин тарҳ такмил нашудааст. Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335-метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.