Июн 26, 2018 12:36 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Тайип Эрдуғон

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон пирӯзии комили Раҷаб Тайип Эрдуғонро дар интихоботи раисиҷумҳурии Туркия табрик гуфт.

Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзии Раҷаб Тайип Эрдуғон барои вай паёми табрикотӣ ирсол кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ таъкид кардааст бо камоли хушнудӣ шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи риёсат ҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбод мегӯям.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи ин интихоботро нишонаи эътимод ва дастгирии ҷомеъаи Туркия аз сиёсати созандаи Раҷаб Тайип Эрдуғон арзёбӣ кардааст.

Дар ин паёми табрикотӣ ҳамчунин омадааст: Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими муносиботи чандҷонибаи судманд бо Трукия алоқаманд аст ва мо аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ мекунем. Итминон дорам, ки дар давраи нави фаолияти шумо дар ин мақоми баландпоя мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи олӣ мерасонем ва онро боз ҳам ғанитар хоҳем кард.

Раҷаб Тайип Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия дар ҳамон даври аввали интихобот, пирӯзии мутлақро ба даст овард. Вай дар интихобот беш аз 52 дар сади раъйи мардумро аз они худ кард.