Cолгарди имзои Cозишномаи сулҳи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36216-cолгарди_имзои_cозишномаи_сулҳи_Тоҷикистон
Имрӯз, чаҳоршанбе, 27-уми июн, бистуякумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифони пешини Тоҷикистон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 27, 2018 09:27 Asia/Dushanbe
  • Cолгарди имзои Cозишномаи сулҳи Тоҷикистон

Имрӯз, чаҳоршанбе, 27-уми июн, бистуякумин солгарди имзои Созишномаи сулҳ миёни давлат ва мухолифони пешини Тоҷикистон аст.

Соли 1997 дар чунин рӯзе Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари вақти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифт давлатт Тоҷикистон дар шаҳрт Маскав, пойтахти Русия, санади оштии миллии тоҷикон мавсум ба Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллиро имзо карданд.

Пеш аз маросими имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав, чандин даври музокироти ду тарафи даргир дар шаҳрҳои Кобул, Теҳрон, Машҳад, Ишқобод, Бишкек ва Алмаато баргузор ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ба унвони миёнҷигарони аслии сулҳи тоҷикон шинохта шудаанд.

Раҳбарони аршади Тоҷикистон борҳо ба нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ваҳдати ду тарафи сулҳ иқрор кардаанд.

Дар тозатарин маврид Абдумаҷид Достиев, раиси собиқи Комиссиюни оштии миллии Тоҷикистон ва сафири пешини ин кишвар дар Русия гуфтааст: “Мо (ҳайатҳои музокиракунандаи давлат ва мухолифини Тоҷикистон) дар Теҳрон музокироти сулҳро оғоз карда ва ба мусолиҳа расида будем”.

Созишномаи сулҳи Тоҷикистон миёни давлат ва мухолифон ба ҷанги панҷсолаи ин кишвар тайи солҳои 1992 то 1997 поён дод.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон солгарди имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистонро ба мухотабони худ табрик ва таҳният мегӯяд.