Июн 28, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Танҳо ҳафтаномаи мустақили вилояти Хатлон дигар мунташир намешавад

Нашрияи "Пайк” – ягона нашрияи чопии мустақил дар вилояти Хатлон рӯзи 27 июн дар шумораи наваш эълон кард, ки ин охирин шуморааш аст, ки чоп мешавад. Аҳмад Иброҳим, сардабири "Пайк” мегӯяд, чопхонаи "Шарқи Озод” аз идомаи чопи нашрия даст кашидааст.

Ба нақл аз сомонаи ин нашрия, "Пайк” – ягона нашрияи чопии мустақил дар вилояти Хатлон дар шумораи рӯзи 27 июнаш хабар дод, ки ин охирин шуморааш аст, ки ба дасти хонандагон мерасад.

Аҳмад Иброҳим, сардабири "Пайк” рӯзи 27 июн дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ҳарчанд нашрия расман баста нашудааст, вале чопхонаи "Шарқи Озод” дар шаҳри Душанбе аз чопи "Пайк” даст кашидааст.

Аҳмад Иброҳим гуфт: "Пулро баҳона карданд, барои чоп пул ҳам гузарондем, ин гуфтанду он гуфтанд, ҳама фармудаву нозу нузашонро иҷро кардем, вале боз ҳам дар ниҳоят гуфтанд, ки ҳамин шумораатонро чоп мекунему дигар тамом. Мо ҳам дигар атояшонро ба лиқояшон бахшидему рафтем. Нашрия расман баста нашудааст, вале ин мушкили омада ба сари мо, фикр мекунам, кори дасти онҳоест, ки бо бозиҳои худ обро лой мекунанд, мераванду дар боло моро сиёҳ мекунанд, ки "Пайк” гӯё муқобили сиёсати давлату ҳукумат бошад. Ҳол онки воқеият комилан баракс аст: Мо ҳамеша аз сиёсати ҳукумати пуштибонӣ мекардем.”

Нашрияи "Пайк” аз соли 2013 ба ин тараф таҳти шиори "Агар имрӯз мисли дирӯз аст, фардо чӣ лозим?” фаъолият дошта, ягона нашрияи чопии мустақил дар вилояти Хатлон – бузургтарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Идораи нашрия дар шаҳри Кӯлоб аст, вале он мисли дигар нашрияҳои чопи пойтахт дар чопхонаи "Шарқи Озод”-и шаҳри Душанбе, бузургтарин чопхонаи матбуоти Тоҷикистон, ки ба дастгоҳи президент тааллуқ дорад, чоп мешуд.

Дар идораи "Пайк”, ба гуфтаи Аҳмади Иброҳим, 15 хабарнигор кор мекард ва тақрибан 100 нафари дигар дар минтақаҳо бо ин нашрия ҳамкорӣ доштанд.

Аз чоп мондани "Пайк”, ягона нашрияи чопии мустақил дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки дар ин авохир матбуоти Тоҷикистон даврони мушкилеро пушти сар мекунад.