Июн 28, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Зарурати мушорикати Русия дар бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак дар Тоҷикистон

Корманди аршади пажуҳишгоҳи иқтисоди вобаста ба Академияи илмҳои Русия бар зарурати мушорикати Маскав дар бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак дар Тоҷикистон таъкид кард.  

Ба нақл аз Спутник, Игор Томберг гуфт, агар Русия дар бозсозии таҷҳизоти Норак дар Тоҷикистон мушорикат накунад, ба таври қатъ ширкатҳои чинӣ бо таҷҳизоти хеш вориди амал хоҳанд шуд.

Норак дар даврони Шӯравӣ дар солҳои 1970 қарни бистум сохта шудааст, ки ниёз ба бозсозӣ дорад ва Русия бо тавони тавлиди турбинаҳо ва соири таҷҳизоти мавриди ниёзи ин нерӯгоҳ метавонад дар ин раванд мушорикат кунад.  

Чанд рӯз қабл Сирил Миюлер, муовини минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ пас аз ширкат дар Конфронси байналмилалии "Об барои рушди пойдор 2028- 2018" дар Душанбе гуфт, ки ин ниҳод дар такмили сохти нерӯгоҳи Роғун сармоягузорӣ намекунад ва бо мақомоти ин кишвар барои ироаи кумаки молӣ ба тармим ва бозсозии таҷҳизоти Норак ба тавофуқ расидааст.