Таҳвили чаҳор узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ба мақомоти Тоҷикистон
(last modified Thu, 28 Jun 2018 08:25:47 GMT )
Июн 28, 2018 13:25 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили чаҳор узви гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ба мақомоти Тоҷикистон

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифоъ, ба ин кишвар фирор карда буданд, боздошт ва ба дасти мақомоти тоҷик супурда шудаанд.Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшони Афғонистон паноҳ бурда будаанд.

​Ба иттилои Ахбор, Қодир Шоҳ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, гуфт, "мақомоти кишвар чаҳор нафарро, ки дар инҷо панаҳ бурда буданд, ба мақомоти Тоҷикистон супурданд."

Маълум нест, ин нафарон дар Афғонистон ба кадом гуруҳ пайвастаанд, аммо онҳо аз минтақаи Бораки Бадахшони Афғонистон боздошт шудаанд. Мавзеи Борак дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон, дар қаламрави Афғонистон, ҷойгир аст.

​Як нафар аз пайвандони афроди истирдодшуда гуфтааст, онҳо тақрибан як моҳ қабл боздошт шуда ба Тоҷикистон истирдод шуданд ва ҳамашон зодаи мавзеи Язғуломи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, афроди боздоштшуда Муҳаммад Наврӯзов,Парвиз Назрибеков, Маҳмуд Раҳматхудоев ва Абдуҷаббор Сайдалов ҳастанд.Ба иддаои ин нафар, Абдуҷаббор ва Парвиз зодаи соли 1995 ва дигарон мардони аз40-сола боло ҳастанд. Маълум нест, ин афрод аз кадом роҳ ва ба чӣ мақсад ба Афғонистон фирор кардаанд.

Пас аз ошӯби нокоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи Вазорати дифои Тоҷикистон, як зумра сокинони кишвар ба Афғонистон фирор кардаанд

Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2017 мақомоти Тоҷикистон аз марги Шермуҳамад Сафаров, бо тахаллуси "Шери Язғулом”, дар пайи як бомбандозӣ дар вилояти Нангарҳор хабар дода буданд.

Шермаҳмад Сафарови 48-сола, бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати дифои Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар "ошӯб”-и гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда буд. Ӯ то замони ин ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.